Дар оғози мулоқот роҳбари БРО сарвари давлати моро ба муносибати 30-солагии шарикии стратегӣ ва гузаштани раёсати Шӯрои мудирони бонк дар солҳои 2025–2026 ба Ӯзбекистон табрик кард.
Дар мулоқот масъалаҳои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории фарогир дар доираи барномаи ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар мамлакат баррасӣ гардиданд.
Ба сатҳи баланд расидани ҳамкорӣ бо қаноатмандӣ таъкид шуд. Ӯзбекистон бузургтарин ҳамкори бонк дар минтақа боқӣ мемонад – портфели лоиҳаҳои муштарак аз 15 миллиард доллар афзуд. Инчунин, дар самтҳои энергетикаи “сабз”, нақлиёт, трансформатсияи рақамӣ, таълим ва дигар ҷанбаҳо лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 3 миллиард доллар таҳия мешаванд. Механизмҳои маблағгузории ғайрисуверенӣ фаъол татбиқ мегарданд.
Ба ҷараёни омодагӣ ба ҷамъомади солонаи Шӯрои мудирони БРО, ки моҳи майи соли 2026 дар шаҳри Самарқанд баргузор мегардад, диққати махсус дода шуд.
Президенти Ӯзбекистон ташаббуси диққат намудан ба масъалаҳои имзои Барномаи тавсеаи шарикии стратегӣ бо БРО, рушди инфрасохтор дар он, омодасозии кадрҳои техникӣ ва муҳандисӣ, омӯхтани касбу ҳунар ба зану духтарон ва ҷавонон, коҳиши сатҳи камбизоатӣ, рушди бозори ипотека ва бахши хусусӣ дар доираи чорабиниро пешбарӣ кард.
Таъкид гардид, ки иштироки фаъолонаи бонк дар дастгирии ташаббусҳои бузурги миллӣ ва минтақавӣ, инчунин, пешбурди лоиҳаҳои нақлиёт, энергетика ва тиҷорат дар минтақаи Осиёи Марказӣ муҳим аст.
Президенти БРО Масато Кандо натиҷаҳои навгониҳои васеъмиқёсро дар мамлакати мо баланд арзёбӣ кард ва омодагии худро барои кӯмакрасонии ҳамаҷониба ҷиҳати татбиқи барномаи ислоҳоте, ки дар Ӯзбекистони Нав хусусияти бозгаштнопазир гирифтааст, иброз дошт.








