ВССХ: масъалаҳои ҳамкориҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон баррасӣ шуданд

    Муовини Сарвазир – вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон С.Умурзоқов бо Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш.Кабир мулоқот анҷом дод.

    Дар мулоқот вазъи кунунии ҳамкориҳои дуҷониба дар бахшҳои сармоягузорӣ, саноат, тиҷорат ва нақлиёт мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иҷрои тавофуқҳое, ки дар ҷараёни сафари Президенти Ӯзбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли гузашта ҳосил шуда буданд, баррасӣ шуд.

    Ҷонибҳо самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои сармоягузориро баррасӣ намуда, инчунин ба мувофиқа расиданд, ки корҳои муштаракро оид ба татбиқи лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ ва беҳдошти шароит барои рушди савдои тарафайн бо роҳи пайваста бекор кардани чораҳои мавҷудаи тарифӣ ва ғайритарифӣ ва содда кардани дастрасии маҳсулоти истеҳсоли Ӯзбекистону Тоҷикистон ба бозорҳои ду кишвар фаъол созанд.

    Гуфтугӯи конструктивӣ имкон дод, ки масъалаҳои мавҷуда моҳиятан муайян ва роҳҳои ҳалли оптималии онҳо таҳия карда шаванд. Амалҳои минбаъдаи муштарак ҷиҳати пешбурди лоиҳаҳои амалӣ, инчунин самтҳои нави густариши шарикии мутақобилан судманди иқтисодӣ муайян карда шудаанд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates