Ҳуҷҷатҳо байни Театри мусиқию драмавии ба номи Камоли Хуҷандӣ, ансамбли мақоми «Нури Хуҷанд» ва Театри шаҳрии мусиқию мақомии Марғилон ба имзо расиданд.

Созишномаҳо ба таҳкими ҳамкории фарҳангӣ байни гурӯҳҳои театрии ду кишвар, мубодилаи таҷрибаи эҷодӣ, ташкили сафари ҳунарии мутақобила ва татбиқи лоиҳаҳои муштараки эҷодӣ равона шудаанд.

Зикр мегардад, ки имзои ин ёддоштҳо на танҳо ба рушди санъати мақом, балки ба таҳкими минбаъдаи робитаҳои фарҳангии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.