ВССХ: дурнамои фаъолсозии ҳамкориҳо бо вилояти Иваново баррасӣ шуд

    2 июни соли ҷорӣ муовини Сарвазир – вазири сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ўзбекистон Сардор Умурзоқов ҳайати вилояти Ивановои Федератсияи Русияро таҳти сарварии губернатори он Станислав Воскресенский ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот роҳбарияти Палатаи савдою саноати Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ассотсиатсияи "Ӯзтекстилпром" иштирок карданд.

    Зимни мулоқот масъалаҳои ба роҳ мондани ҳамкориҳои байниминтақавӣ миёни вилояти Ивановои Русия ва вилоятҳои Ӯзбекистон дар соҳаҳои саноат, тиҷорат ва маориф мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

    Аз ҷумла, дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи нассоҷӣ бо дарназардошти ташкили истеҳсоли доираи васеи маҳсулоти баландтехнологӣ ва рақобатпазир баррасӣ шуд. Дурнамои ташкили кластерҳои муштараки нассоҷӣ, истеҳсоли дӯзандагӣ ва трикотажӣ, рушди тарҳрезӣ ва моделсозии либосҳо бо истифода аз матоъҳои технологӣ зикр гардид.

    Инчунин, чораҳо оид ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаи таълими олии соҳавӣ барои мутахассисони соҳаи нассоҷии Ӯзбекистон ва дар кишвар созмон додани марказҳои салоҳият дар соҳаи саноати сабук баррасӣ гардиданд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates