Лоиҳаҳои муҳими инфрасохторӣ баррасӣ шуданд

    Ҳукумат 10 Yanvar 2022 5185

    Президент Шавкат Мирзиёев 10 январ бо лоиҳаҳои сохтмон, беҳтар гардондани инфрасохтори роҳ ва низоми таъминоти газ шинос шуд.

    Вилояти Тошканд барои рушди тиҷорат ва хизматрасонӣ имкониятҳои калон дорад. Ба ин муносибат оид ба васеъ намудани шабакаи роҳҳои автомобилгард ва рушди хидматгузории наздироҳӣ як қатор лоиҳаҳо таҳия шудааст.

    Лоиҳаи таъмири роҳи Тошканд-Чиноз аз ҷумлаи онҳост. Роҳ хеле пуршиддат истифода мешавад, аз он рӯзе 60-65 ҳазор мошин мегузарад. Аз ин рӯ, дар назар дошта шудааст, ки қитъаи 10-километрии роҳ таъмир карда, 5 гузаргоҳи зеризаминӣ ва роҳҳои мошингарди маҳаллӣ сохта шавад.

    Ҳамчунин, лоиҳаҳо оиди то ба 6 қатор васеъ гардондани кӯчаи Темур Малики Тошканд, дар шафати роҳҳо сохтани манзилҳои бисёрошёна ва объектҳои хоҷагидорӣ, инчунин бунёд намудани гузаргоҳи 201-метра дар кӯчаи Ӯзбекистони шаҳри Ҷиззах тақдим карда шуданд.

    Сарвари давлат ин лоиҳаҳоро тасдиқ намуда, ба масъулин дастур дод, ки ҳуҷҷатҳои дахлдорро таҳия намуда, хушсифат анҷом додани сохтмонро таъмин намоянд.

    Дар ҷараёни тақдимот ҳамчунин пешниҳодҳо оид ба ҷорӣ намудани шарикии давлатию хусусӣ дар системаи нақлиёти газ баррасӣ шуданд.

    Навсозии низом аҳамияти муҳим дорад, зеро зиёда аз нисфи қубурҳои гази кишвар - 45 ҳазор километр зиёда аз 30 сол мавриди истифода қарор доранд. Дар натиҷа талафот дар онҳо аз 20 фоиз зиёд аст.

    Аз ҷумла, имрӯз дар низоми таъминоти гази шаҳри Ҷиззах 767 километр қубурҳои газ, стансияи газтақсимкунӣ, беш аз 1,6 ҳазор нуқтаҳои тақсимоти газ мавҷуданд. Аз ин рӯ, лоиҳаи навсозии система дар асоси стандартҳои байналмилалӣ ва бо ҷалби сармояи мустақим таҳия шудааст.

    Дар доираи лоиҳае, ки баҳрабардориаш бо истифода аз қарорҳои пешрафтаи техникӣ пешбинӣ шудааст, барҳам додани қубурҳои кӯҳна ва кашидани зиёда аз 1,5 ҳазор километр қубурҳои нави газ ба нақша гирифта шудааст. Аз 6 то 2 адад кам кардани шумораи стансияҳои газтақсимкунӣ ва гузаштан аз схемаи сезинагӣ ба ду-зинагии таъминоти газ низ пешбинӣ шудааст. Дар натича талафоти имрӯзаи низоми гази шаҳр ба маблағи 115 миллион метри мукааб бартараф карда мешавад.

    Президент ба самаранокии ин лоиҳа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зарурати тезонидани татбиқи онро қайд намуд. Дастур дода шуд, ки чунин лоиҳа дар як вақт дар шаҳри Гулистони вилояти Сирдарё ва баъдан дар дигар минтақаҳои кишвар амалӣ карда шавад.

    Ҳамаи инҳо ба танзими низоми тақсимот ва ҳисоби газ, таъминоти беист ва зарурии аҳолӣ бо газ мусоидат менамояд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates