Ҷасорат ҳангоми иҷрои вазифа: дар Тошканд кормандони ШКД ва як шаҳрванд барои безарар гардондани ҷинояткори хатарнок мукофотонида шуданд

    Воқеаҳо 21 May 2025 1041

    Дар ноҳияи Юнусободи пойтахт, як корманди милитсия ҳангоми кӯшиши тафтиши марди машкук захмӣ гардид. Ба туфайли амалҳои фаврии ҳамкорон ва кӯмаки як шаҳрванди беаҳамиятнабуда, ҷинояткор дастгир шуд.

    Иштирокчиёни ҳодиса бо мукофотҳо ва сипосномаҳои Вазорати корҳои дохилӣ қадрдонӣ шуданд.

    Бино ба иттилои манбаъ 19-уми майи соли ҷорӣ инспектори хидмати посту патрул, сафдор Иззатбек Иброҳимов ҳангоми корбарӣ дар бозори деҳқонии Юнусобод мехоҳад як шаҳрванди шубҳанокро боздорад ва тафтиш кунад. Шаҳрванд бо силоҳи сарди теғдор ба ҳаёти корманд суиқасд карда, дар натиҷа ба қисми гарданаш осеб мерасонад.

    Ҷинояткор бо мақсади фирор аз ҷои ҳодиса корд дар даст ба автобуси ҳамин гирду атроф мебарояд. Кормандони патрулӣ, ки дар ин минтақа хидмат мекарданд – сержанти калон Самат Қарҷонбоев, аскари қаторӣ Сардор Абзалов ва инспектори профилактикӣ, лейтенант Ӯктам Нормаматов сари вақт бехатарии шаҳрвандонро таъмин намуда, мусофиронро аз автобус эвакуатсия мекунанд.

    Сипас, бо истифода аз воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмонӣ ҷинояткори хатарнокро безарар гардонида, дастгир менамоянд. Дар ин кор ба кормандони СКД шаҳрванд Владимир Авдиянс фаъолона ёрӣ расонда, вазифаи шаҳрвандии худро софдилона ба ҷо меорад.

    Ин ҳолат аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ махсус эътироф гардид. Дар чорабинии ботантана, ки дар шуъбаи Сарсадорати корҳои дохилии шаҳри Тошканд барпо гардид, ба шаҳрванд В.Авдиянс “Миннатдории Вазорати корҳои дохилӣ” эълон гардида, бо 10 миллион сӯм мукофоти пулӣ сарфароз гардид.

    Тибқи фармоиши дахлдори Вазири корҳои дохилӣ сержант С.Қарҷонбоев ва сафдор С.Абзалов бо нишони сарисинагии «Барои хидматҳои аъло» ва лейтенант У.Нормаматов пеш аз мӯҳлат ҳамчун ҳавасмандгардонӣ бо унвони махсуси «лейтенанти калон» сарфароз гардиданд.


    No date selected
    June 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates