Дар мусобиқа дастаҳои Қирғизистон, Непал, Туркманистон, Малдив, Шри-Ланка ва Ӯзбекистон ширкат доштанд. Дар марҳалаи ҳалкунанда ҳамватанони мо ба мизбонон шонсе нагузошта, бо ҳисоби 3:1 пирӯз шуданд.
Бояд гуфт, ки дар ҷамъбасти мусобиқот Оғабек Ҳайдаров дар бахши “Бозингари беҳтарин”, Мирзоёд Муродов “Беҳтарин либеро” ва Сайҷамол Миробиддинов “Беҳтарин ҳамлагар” дониста шуданд.