Натиҷаҳои музокирот бо созишномаҳо мустаҳкам карда шуданд

    Сиёсат 24 Iyun 2025 2020

    Бинобар натиҷаи гуфтушунидҳои сатҳи олии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ва Президенти Муғулистон Ухнаагийн Хурэлсух, ки дар шаҳри Улан-Батор ба вуқуъ пайваст, Баённомаи муштарак дар бораи истиқрори муносибатҳои ҳамаҷонибаи шарикӣ қабул гардид.

    Ҳамчунин дар ҳузури Президентҳо ҳуҷҷатҳои зерин:

    – муоҳида дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи рустаниҳо, дар соҳаи таълими олӣ, дар соҳаи саноати маъданҳои кӯҳӣ, дар соҳаи ҳифзи муҳити атроф, дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ, дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ ва илми тиб, дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш;

    – Ҳуҷҷат дар бораи ҳамкории байни идораҳои бойгонии ду мамлакат;

    – барномаи ҳамкории байни Вазорати сармояҳо, саноат ва савдои Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати иқтисодиёт ва тараққиёти Муғулистон, дар байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ барои солҳои 2026-2027, дар байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон барои солҳои 2025-2028;

    – Дурнамои ҳамкории байни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон бобати вусъат додани ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ;

    – Дурнамои амалиёти байни Вазорати экология, ҳифзи муҳити атроф ва тағйироти иқлими Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон дар соҳаи сайёҳии экологӣ имзо шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates