Низоми иттилоотӣ-технологие, ки раванди қабули такрории шахсони дар кишвар ҳуқуқи қонунии иқомат надоштаро автоматӣ мегардонад, маълумотҳоро муқоиса мекунад ва равандро метезонад, пешниҳод карда шуд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иштирокчиён андешаҳои асосноки худро оид ба масъалаҳои муҳими баррасишаванда мубодила карданд.
Ғайр аз ин, дар доираи чорабинӣ системаи огоҳкунии пешакӣ дар бораи мусофирони воридшаванда муаррифӣ шуда, масъалаҳои ҳамкорӣ байни Сарраёсати муҳоҷирати ВКД Ҷумҳурии Туркия ва Сарраёсати муҳоҷират ва бақайдгирии шаҳрвандии ВКД Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар мубориза бо муҳоҷирати ғайриқонунӣ муҳокима гардиданд.