Тибқи созишномаҳо, то охири соли 2025 неругоҳ сохтмони ду таҷҳизоти дигари буғугазиро бо иқтидори умумии 1065 МВт анҷом медиҳад.
Пудратчии генералӣ консорсиуми "Intecsa Ingeniera Industrial S.A." ва Mitsubishi Corporation мебошанд. Арзиши умумии лоиҳа 771,8 миллион долларро ташкил медиҳад.
Лоиҳаи нави сармоягузорӣ ба бо неруи барқ таъмин намудани истеъмолгарони вилоятҳои Самарқанд ва Бухоро, ҳафт стансияи насосӣ дар канали магистралии Қаршӣ нигаронда шудааст.
Дар натиҷаи ба амал баровардани лоиҳа корхона дар як сол ба таври илова 8,5 миллиард киловатт-соат қувваи электр ҳосил мекунад. Аз ҳисоби технологияи хеле самарабахш 600 миллион метри мукааб гази табиӣ сарфа карда мешавад.
Омили дигари муҳими лоиҳа коҳиши 1500 тонна партови моддаҳои ифлоскунанда ба атмосфера ва таъсиси 112 ҷойи нави корӣ мебошад.