Бо мутобиқсозии Вазорати сармояҳо, саноат ва савдо ярмарка якҷоя бо ҳокимияти вилояти Сурхондарё, Маркази трансформатсияи рақамӣ, минтақаи озоди савдои "Маркази байналмилалии савдои Тимиз", Ассотсиатсияи "Ӯзпромстройматериали" ва "Ӯзхимпром" ташкил карда шуд.
Мақсад аз баргузории чорабинӣ зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти замонавӣ, рақобатпазир, ба содирот нигаронидашуда, воридотивазкунанда, боз ҳам баланд бардоштани иқтидори саноатӣ ва вусъат додани миқёси маҳаллисозӣ мебошад.
Дар ярмаркаи дурӯзаи минтақавии байнисоҳавӣ панҷ корхонаи аз ҷиҳати системавӣ муҳими кишвари мо ва зиёда аз 200 истеҳсолкунандагони маҳаллӣ, ки дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноати хӯрокворӣ, кимиё, чарму пойафзол ва нассоҷӣ, коркарди меваю сабзавот ва истеҳсоли масолеҳи сохтмонӣ фаъолият доранд, ширкат мекунанд. Намоишгарон зиёда аз 500 намуди маҳсулоти худро ба намоиш гузоштанд.
Намояндагони Афғонистон, ки дар ярмарка иштирок доранд, бо намоишгоҳҳо шинос шуда, аз меҳмонхонаи “Hilton” дар минтақаи озоди савдо, клиникаи AKFA MEDLINE, терминали логистикӣ ва шоурум дидан карданд.
Намояндагони ҳайати вакилон ба роҳандозии муносибатҳои тиҷоратӣ ва ба имзо расондани як катор созишномаҳои дутарафа манфиатдорӣ изҳор карданд.
Умуман, интизор меравад, ки дар доираи ярмаркаи байниминтақавии байнисоҳавӣ ба маблағи 250 миллиард сӯм созишнома ва қарордодҳо ба имзо расонда шавад.