Дар ин бора Садорати корҳои дохилии вилояти Талас хабар додааст.
Дар натиҷаи ин ҳодисаи нохуш як нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Экспертизаи судӣ-тиббӣ таъйин гардида, ба мақомоти дахлдор дархостҳо фиристода шуданд. Ҷабрдидагон изҳор доштаанд, ки нисбат ба ширкат ягон шикоят надоранд ва тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Алянс Алтин», ки дар кон фаъолият доштанд, хабар додаанд, ки ҳодиса 27 январ дар натиҷаи лағзиши сангҳо ба вуқӯъ пайвастааст. Дар лаҳзаи рух додани ҳодиса чор корманди ҶММ «БПК» (пудратчии асосии корҳои зеризаминӣ) дар майдони истеҳсолӣ ҳузур доштаанд, хабар медиҳад report.az.
«Барои муайян кардани сабаб ва шароити ҳодиса, комиссияи байниидоравӣ бо иштироки намояндагони ваколатдори мақомоти давлатӣ таъсис дода шуд», омадааст дар хабари ширкат.