Беморхонаҳо ва корхонаҳои давлати ҷазирагӣ, ки 22 миллион аҳолӣ дорад, бинобар садама аз генераторҳо ва инверторҳо истифода мебаранд. Мақомот ваъда доданд, ки барқро дар чанд соат барқарор мекунанд, аммо дар навбати аввал беморхонаҳо ва иншооти тозакунии об ба шабака пайваст хоҳанд шуд.
Вазири энергетика тавзеҳ дод, ки сабаби қатъи барқ ин буд, ки маймун бо трансформатори шабакавии онҳо тамос гирифт ва боиси ихтилоф дар низом шуд.
Хомӯшии барқ дар натиҷаи ҳолати фавқулода дар зеристгоҳе дар ҷануби пойтахти кишвар – Коломбо рух дод, изҳор намудааст раёсати неруи барқ, хабар медиҳад korrespondent.net.