Барои низоми таъминоти оби нӯшокӣ Тошканд беш аз 218 миллион евро сарф мешавад

    Шаҳришавӣ 23 Noyabr 2022 1464

    Қарори Президенти Ҷумҳуриии Ўзбекистон "Дар бораи чораҳо оид ба татбиқи лоиҳаи "Трансформатсияи низоми таъминои оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Тошканд" аз 18 ноябри соли 2022 ҚП-428 қабул карда шуд.

    Барои маълумот: дар соли 2020 байни ВХМК, ҳокимияти пойтахт, ҶММ «Тошкент шаҳар сув таъминоти» ва ширкати фаронсавии "SUEZ International SAS" барои 7 сол шартномаи идоракунии муштарак оид ба лоиҳаи "Трансформатсияи низоми таъминоти оби нӯшокӣ ва канализатсияи шаҳри Тошканд" ба имзо расида буд.

    Тибқи ҳуҷҷат, арзиши умумии лоиҳа беш аз 218 миллион евроро ташкил медиҳад, ки аз он 154,5 миллион евро аз ҳисоби қарзҳои хазинадории Фаронса ва бонкҳои Аврупо, 64,3 миллион евро - Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷудо карда хоҳад шуд.

    Нишондиҳандаҳои асосии аз татбиқи Лоиҳа пешбинишуда низ тасдиқ карда шуданд: насби 673 ҳазор ҳисобкунакҳои «ақлӣ» бо интиқоли маълумот аз масофа барои назорат ва ҳисобкунии об барои истеъмолкунандагон (шахсони воқеӣ);

    12 фоиз кам кардани талафи об дар системаи таъминоти оби нўшокӣ;

    тартиб додани планҳои генералии системаҳои оби нӯшокӣ ва канализатсия.

    Инчунин муқаррар карда шуд, ки маблағи ААИ, ки дар доираи татбиқи лоиҳа ташаккул меёбад, аз ҳисоби субъектҳои хоҷагидор пардохта мешавад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба субъектҳои хоҷагидор аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ ҷуброн карда мешавад.

    Ҳуҷҷат дар Пойгоҳи миллии маълумотҳои қонунгузорӣ нашр шудааст ва аз 22 ноябри соли 2022 эътибор дорад, менависад "Norma".

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates