Дар кӯҳҳои Ҳиндукуши шарқи Афғонистон зилзилаи бо шиддати 6.1 хол ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора Маркази сейсмологии Аврупо-Баҳри Миёназамин хабар дод.
Тибқи маълумоти марказ, зилзила дар масофаи 46 километр шимолу шарқи шаҳри Ҷалолобод, дар умқи 42 километр рӯй додааст.
Дар бораи қурбониён ва харобиҳо маълумоти расмӣ дода нашудааст, хабар медиҳад tass.ru.









