Ҳодиса дар шоҳроҳи миллӣ дар натиҷаи бархӯрди автобуси ширкати Kaveri Travels, ки бо тахмин 44 мусофир аз Ҳайдаробод ба Бангалор мерафт, ба мотосикл рух додааст.
Ба гуфтаи пулис, “мотосикл зери автобус даромада, ба зарфи сӯзишворӣ бархӯрдааст, ки сабаби таркиш ва паҳншавии босуръати оташ дар тамоми автобус шудааст”.
Ҳангоми садама аксари мусофирон хоб будаанд. Баъзеҳо бедор шуда, тирезаҳоро шикастаанд ва аз он берун ҷаҳидаанд, аммо дар натиҷаи тӯли чанд дақиқа тамоми автобусро фаро гирифтани оташ аксари онҳо дар дохили он мондаанд. Сокинони маҳаллӣ зуд ба ҷои ҳодиса расида, то омадани оташнишонҳо барои наҷот додани захмиён ҳаракат кардаанд.
Пулис гумон дорад, ки беэҳтиётӣ ва ихроҷи сӯзишворӣ сабаби сӯхтор шудааст ва бинобар ин, тафтишоти омилҳои садамаро оғоз кардааст. Тибқи маълумот, ронандагони автобус пас аз садама фавран аз ҷои ҳодиса фирор кардаанд. Онҳо то ҳол ҷустуҷӯ мешаванд, хабар медиҳад report.az.









