Соли 2021 Шавкат Мирзиёев зимни мулоқот бо интихобкунандагони вилояти Намангон пешниҳод намуда буд, ки мактаби олии таълимии забонҳои хориҷӣ ба вуҷуд оварда шавад, ки номи ҷадиди гузаштаи моро дошта бошад. Ин пешниҳод низ ба воқеият табдил ёфт – донишкада фаъолияташро дар Тӯрақӯрғон соли 2022 оғоз намуд.
Дар донишкада факултаи забонҳои ҷаҳон, шаш кафедра ва 16 самти таълим фаъолият дорад. Ҳоло ҳозир дар ду курс 1523 донишҷӯ таҳсил менамояд. Дар оянда афзудани теъдоди донишҷӯён дар назар аст.
Бинобар ин дар ҳудуди Намангони Нав дар майдони 5 гектар кампуси нави муассисаи таълими олӣ бунёд мегардад.
Президент бо ҷараёни кори сохтмон шинос шуд.
Ҳоло бинои таълимӣ барои ҳазор нафар, толори варзиш ва ошхона бунёд гаштааст. Ба нақша гирифта шудааст, ки моҳи августи соли ҷорӣ онҳо ба баҳрабардорӣ супурда шаванд. Дар марҳилаҳои оянда сохтмони хобгоҳ барои донишҷӯён ва боз як бинои таълимӣ дар назар дошта шудааст.
Президент инчунин бо тақдимоти марҳилаҳои сохтмони Намангони Нав шинос гардид.
Сохтмони шаҳр ду сол қабл шурӯъ шуда буд. Ҳоло иморатҳои бисёрошёнаи молики 2764 квартира бунёд гардида, сохтмони боз 648 бино идома дорад.
Шаҳр барои 200 ҳазор нафар муқаррар гаштааст. Дар ин ҷо кӯдакистон, мактаб ва дигар муассисаҳои иҷтимоӣ, минтақаи саноатӣ ҷой хоҳанд гирифт. Дар ҳамин ҷо боғи «Ӯзбекистони Нав» бунёд хоҳад гардид.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки шаҳр бояд қулай, бехатар бошад ва баҳрабардории босифатро таъмин намояд, хуллас таҷассумгари консепсияи «шаҳри оқил» гардад. Бинобар ин оид ба таҳияи мушаххаси лоиҳа ва пурзӯр намудани назорати сифати кор супоришҳо дода шуд.