Дар ин кластер занҷираи пурраи арзиши иловашуда — аз парвариши пахта то коркарди амиқи он ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, лоиҳаҳое ба маблағи 25 миллион доллар амалӣ гардидаанд, ки парвариши пахта ва тухмии он, истеҳсоли равған, омодасозии нахи пахта ва ришта, инчунин истеҳсоли либоси тайёрро дар бар мегиранд. Чунин равиш, ки ба ҳамгироии кишоварзӣ ва саноат асос ёфтааст, имкони эҷоди арзиши баланди иловашударо фароҳам меорад.

Дар натиҷаи корҳои анҷомдодашуда, иқтидори корхона ба истеҳсоли солонаи 5,5 ҳазор тонна ришта ва 1 миллион адад маҳсулоти трикотажӣ расонида шудааст. Ин нишондиҳандаҳо имкони содиротро то 10 миллион доллар таъмин намуда, барои таҳкими мавқеи кластер дар бозорҳои дохилӣ ва хориҷӣ замина фароҳам месозанд.

Яке аз ҷанбаҳои муҳими фаъолияти корхона саҳми он дар таъмини шуғли аҳолӣ мебошад. Ҳоло 1 ҳазор ҷойи кори доимӣ таъсис дода шуда, дар мавсими корҳои мавсимӣ боз 3 ҳазор нафар бо кор таъмин мегарданд.

Корхонае, ки ба истеҳсоли ришта аз партовҳои коркарди нассоҷии кластери «Мароканд сифат» тахассус дорад, ҳамчун яке аз ташаббусҳои пешрафта ва самаранок арзёбӣ мешавад.

Дар доираи лоиҳа лабораторияи биологӣ ва коргоҳҳои дӯзандагӣ фаъолият мекунанд. Дар ин ҷо ба коркарди партовҳое, ки дар раванди истеҳсол ба вуҷуд меоянд, таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Аз ҷумла, боқимондаҳои матоъҳои истифодашуда дар коргоҳҳои дӯзандагӣ партофта намешаванд. Онҳо бо таҷҳизоти муосири баландсуръат коркард шуда, дубора ба шакли ришта баргардонида мешаванд. Иқтидори солонаи истеҳсоли нах дар ин самт 5 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад. Ин аз нигоҳи истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини устувории экологӣ аҳамияти калон дорад.

Арзиши умумии ин лоиҳа 7 миллион долларро ташкил дода, он дар масоҳати 3,3 гектар ҷойгир аст. Дар корхона 500 нафар бо кори доимӣ таъмин мебошанд. Ҳамзамон, истифодаи технологияҳои каммасрафи энергия самаранокии иқтисодии онро боз ҳам баланд мебардорад.

Айни замон дар ҳудуди корхона панелҳои офтобӣ насб шудаанд, ки имкони истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергияро дар раванди истеҳсол фароҳам меоранд. Ин, дар баробари коҳиши хароҷоти энергия, ба татбиқи принсипҳои «иқтисоди сабз» мусоидат мекунад.

Президент Шавкат Мирзиёев бо раванди истеҳсол шинос шуда, бо кормандони коргоҳи дӯзандагӣ суҳбати самимӣ анҷом дод.

– Ман аз мулоқот бо шумо хурсанд ҳастам. Шароити муҳайёшуда ва ҷойҳои кори ташкилшуда дар таъмини шуғли аҳолӣ нақши муҳим доранд. Ҳар як лоиҳаи амалишуда қисми тағйироти васеъмиқёс дар кишвари мост. Бешубҳа, талабот ба ҷойҳои корӣ меафзояд. Аз ин рӯ, мо фаъолона корро идома дода, кӯшиш менамоем, ки дар ҳар як минтақа имкониятҳои нав фароҳам оварем, – таъкид намуд сарвари давлат.

Ҳамзамон, ба Президент оид ба корҳои анҷомдодашуда ва нақшаҳои оянда вобаста ба баланд бардоштани самаранокии истифодаи захираҳои об дар ноҳияи Нарпай, инчунин гузаронидани идоракунии истгоҳҳои насосӣ дар асоси шарикии давлат ва бахши хусусӣ маълумот пешниҳод гардид.

Дар ноҳияи Нарпай 8 истгоҳи насосӣ дар асоси шарикии давлативу хусусӣ ба бахши хусусӣ дода шудаанд. Дар давраи гузашта 21 агрегати насосӣ бо маблағи 12,3 миллиард сӯм навсозӣ гардид, ки ин имкон дод, истеъмоли солонаи неруи барқ аз 68,1 миллион киловатт-соат то 34,1 миллион киловатт-соат коҳиш дода шавад.

Дар маҷмӯъ, дар соҳаи хоҷагии оби вилояти Самарқанд усулҳои нави илмӣ ҷорӣ мегарданд. Бо ин мақсад, барои таъмини ҳамоҳангии илм ва амалия ба ҳокими вилоят мушовири илмӣ вобаста карда мешавад. Ҳамчунин, дар соҳа низоми таҳсилоти дуалӣ роҳандозӣ мегардад: барои 72 донишҷӯ таҷрибаомӯзии пайвастаи шашмоҳа аз рӯйи самтҳои хоҷагии об, механиконии кишоварзӣ, гидротехника ва гидроэнергетика, кадастр ва экология ташкил карда мешавад.

Сарвари давлат ба шахсони масъул супориш дод, ки ин корҳоро пайгирона ва низомманд идома диҳанд.