Кураш дар барномаи Бозиҳои Африқо, ки моҳи августи соли 2023 дар шаҳри Браззавил (Ҷумҳурии Демократии Конго) баргузор мешавад, расман ҳамчун варзиши алоҳида ҷой гирифт, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ассотсиатсияи байналмилалии кураш. Дар робита ба ин, котиби генералӣ ва директори техникии Ассотсиатсияи байналмилалии кураш Муҳаммад Ризо Носирӣ барои баррасии масъалаҳои марбут ба ин мусобиқаҳо аз Браззавил дидан кард.
Дар рафти сафар вай бо вазири корҳои ҷавонон, спорт ва таълими халқи Конго Хюг Нгуэлонделе вохӯрд. Масъалаҳои марбут ба ҷанбаҳои техникӣ ва ташкилии баргузории мусобиқот дар Бозиҳои африқоӣ баррасӣ шуданд, хабар медиҳад АИ “Дунё”.
Хюг Нгуэлонделе ба Федератсияи кураш Конго барои туҳфа кардани тахтаи махсуси гуштӣ изҳори сипос кард ва гуфт, ки дар кишвар барои ба яке аз маъруфтарин намуди варзиш табдил додани кураш мусобиқаҳои калон баргузор мешаванд ва он дар сатҳи ҳукумат дастгирӣ мешавад.
Ӯ ҳамчунин гуфт, ки дар оянда ният дорад аз Ӯзбекистон, зодгоҳи кураш боздид кунад.
Дар рафти вохӯрӣ Котиби генералии Ассотсиатсияи байналмилалии кураш Муҳаммад Ризо Носирӣ бо толорҳое, ки дар он мусобиқаҳо дар Бозиҳои Африқо баргузор мешаванд, маҷмӯъҳо барои варзишгарону доварон, вакилони техникӣ шинос шуд.