Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дастнависи нодиреро дар бораи Амир Темур ба Ҷомеаи ҷаҳонӣ эҳдо мекунад

    Фарҳанг 1 Dekabr 2022 1425

    Тоҷикистон омодагии худро изҳор намуд, ки қадимтарин дастхат дар бораи ҳаёт ва фаъолияти Амир Темурро, ки ба забони қадимии ӯзбекӣ навишта шудааст, ба Ҷомеаи умумиҷаҳонӣ медиҳад.

    Дар ин бора ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода дар номае ба раиси Шӯрои Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва тарғиби мероси фарҳангии Ӯзбекистон Фирдавс Абдухолиқов хабар додааст.

    Гуфта мешавад, ки ёдгории дастнависро профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илми филология, олими навошинос, узви Ҷамъияти ҷаҳонии омӯзиш, ҳифз ва оммавӣ гардонидани мероси фарҳангии Ӯзбекистон Бадриддин Мақсудов кашф кардааст.

    Нусхаи дастнавис барои омӯзиши минбаъдаи он ба Ҷамъияти ҷаҳонӣ дода мешавад. Дар омода кардани китоби тафсир ва транслитератсияи ин дастнависи нодир ҳамкорони тоҷик низ ширкат хоҳанд кард.

    «Китоб ба Амир Темур бахшида шуда, қадимтарин дастнависи то имрӯз ба мо расида бюа ҳисоб меравад. Дар бахши ниҳоии китоб қайд шудааст, ки ин дастхат дар соли 1027 ҳиҷрӣ, дар моҳи Раҷаб нусхабардорӣ шудааст. Ин ба моҳҳои июн - июли соли 1618 рост меояд”, — мегӯяд Бадриддин Мақсудов.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates