Тибқи фармонҳои дахлдори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон:

Мавлонов Бекзот Мардонович ба вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон таъин гардида, дар робита ба ин аз вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масоили экспертизаи ҳуқуқӣ ва таҳлили ҳаматарафа озод карда шуд;

Магрупов Азиз Юлдашевич ба вазифаи мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба масоили сармоягузориҳои хориҷӣ таъин гардида, дар робита ба ин аз вазифаи ёвари Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд.

Ҳамчунин, бо фармони Президент як қатор роҳбарон аз вазифаҳои ишғолкардаашон озод карда шуданд:

Саидкаримов Саидлазиз Саидасилович бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи сардори Сарраёсати назоратии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд;

Кодиров Уткирҷон Ғайратович бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи роҳбари Департаменти ҳамкорӣ бо минтақаҳо ва омода намудани маводҳои таҳлилии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд;

Иброҳимов Ҷаҳонгир Жовахирлаевич бинобар гузаштан ба кори дигар аз вазифаи муовини роҳбари Департаменти банақшагирӣ ва таъминоти иттилоотии Администратсияи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон озод карда шуд.