Раиси Комиссияи марказии интихоботӣ Нурлан Абдиров дар нишасти хабарӣ гуфт, ки соати 8:00 овозҳо дар 10 323 қитъаи интихоботӣ дар тамоми манотиқи кишвар ва хориҷи кишвар шумурда шудаанд.
Аз 12 миллиону 284 ҳазору 487 нафаре, ки ҳаққи ширкат дар раъйпурсиро доштанд, 7 миллиону 820 ҳазору 204 нафар ё 63,66% овоз доданд, хабар медиҳад Zakon.kz.
71,12 фоиз, ё худ 5 миллиону 561 хазору 937 нафари онҳое, ки дар овоздиҳӣ иштирок доштанд, ба тарафдории он овоз доданд. 2 045 271 кас «муқобил» овоз дод. Ҳарду варианти ҷавобро 82 722 нафар интихоб карданд, онҳо ҳангоми ҳисоб кардани овозҳо ба инобат гирифта нашуданд. Шумораи бюллетенҳое, ки дар онҳо иродаи интихобкунандагонро муайян кардан ғайриимкон буд, 130 267 ададро ташкил дод.
6 октябр дар раъйпурсии ҷумҳуриявӣ Пажӯҳишгоҳи ҳамгироии Авруосиё дар байни шаҳрвандон ҳангоми баромадан аз участкаҳои интихоботӣ – exit poll, дар 17 вилояти Қазоқистон, Остона, Алмаато ва Чимкент пурсиш анҷом дод. Аз пурсидашудагон пурсиданд: «Ба суоли оё шумо аз бунёди неругоҳи атомӣ дар Қазоқистон розӣ ҳастед, кадом ҷавобро интихоб кардед?». Тибқи натоиҷи exit-poll, 71,8% пурсидашудагон "ҳа, ман розӣ" ва 28,2% пурсидашудагон "не, розӣ нестам" ҷавоб додаанд.