ВАО: Карол Навротский пас аз шумурдани ҳамаи овозҳо дар интихоботи президентии Полша ғолиб шуд

    Тибқи иттилои TVP, Карол Навротский пас аз шумориши 100% овозҳо дар интихоботи президентии Лаҳистон пирӯз гардид.

    Тавре телевизиони Полша бо истинод ба маълумоти Комиссияи давлатии интихоботӣ хабар медиҳад, номзад аз ҳизби мухолифи «Ҳуқуқ ва адолат» — Карол Навротский бо 50,9 фоизи овозҳо дар интихоботи президентӣ ғолиб омадааст.

    Номзад аз эътилофи ҳокими «Эътилофи шаҳрвандӣ» — Рафал Тшасковский 49,1 фоизи овозҳоро ба даст овардааст.

    Интизор меравад, ки натиҷаҳои расмии даври дуюми раъйдиҳӣ дар соатҳои наздик эълон хоҳанд шуд.

    Ба иттилои Комиссияи интихоботӣ, Навротский 10 606 628 овоз гирифта, дар шаш вилояти аз понздаҳ воеводии кишвар, асосан дар шарқи Полша ғолиб шудааст. Тшасковский бошад, 10 237 177 овоз ба даст оварда, ҷонибдории сокинони тамоми минтақаҳои ғарбӣ ва марказии кишварро соҳиб гаштааст.

    Мизони иштирок дар интихобот 71,63 фоизро ташкил дод.

    Дар даври аввал, ки рӯзи 18 май баргузор шуд, Тшасковский 31,36 фоиз ва Навротский 29,54 фоизи овозҳоро гирифта буданд, менависад ria.ru.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates