Лукашенко дар интихоботи Беларус бо 86,82 фоизи овозҳо пирӯз шуд

    Бино ба маълумоти пешакӣ, Александр Лукашенко, Президенти феълии Беларус, бо касби 86,82 дарсади овозҳо дар интихоботи сарвари давлат пирӯз шудааст.

    Бинобар иттилои Report дар ин бора раиси Комиссияи марказии интихоботи ҷумҳурӣ Игор Карпенко дар нишасти матбуотӣ хабар додааст.

    Дар интихоботи президентии соли 2020 Лукашенко 80,10 фоизи овозҳоро ба даст овард.

    Раиси Ҳизби либерал-демократ Олег Гайдукевич 2,02 фоиз, соҳибкор Анна Канопатская 1,86 фоиз, котиби якуми КМ Партияи коммунистӣ Сергей Сыранков 3,21 фоиз, раиси Ҳизби ҷумҳуриявии меҳнат ва адолат Александр К. 1,74 фоиз овоз ба даст оварданд, 3,6 фоизи интихобкунандагон муқобил овоз доданд.

    Комиссияи марказии интихоботии Беларус чун анъана натиҷоҳои интихоботро бар асоси ҳисоби пешакии ҳамаи овозҳо дар саросари кишвар эълон мекунад. Маълумоти ниҳоӣ 3 феврал эълон хоҳад шуд.

    No date selected
    March 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates