Самараи кор дар саноати нафту газ баррасӣ гардид

    Ҳукумат 24 May 2022 5893

    Президент Шавкат Мирзиёев 24 май бахшида ба баррасии масъалаҳои густариши истихроҷи нафт ва газ, истеҳсоли маҳсулот ҷамъомад баргузор намуд.

    Дар Стратегияи рушди кишвари мо мақсадҳои озодгардонии иқтисод ва дигаргунсозии соҳаҳои пешқадам муайян шудааст. Аз ҷумла, дар бахши нафту газ равандҳои трансформатсия оғоз шуданд.

    Дар ҷамъомад сарвари давлат пеш аз ҳама ба масъалаҳои дигаргунсозӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, зарурати тезонидани ин равандро таъкид намуд. Вазифаҳо барои ҷалби мушовирони байналмилалӣ, муайян кардани равишҳои стратегӣ, таъмини шаффофияти механизмҳои ҳисобдорӣ дар соҳаи нафту газ гузошта шуданд.

    Оид ба солимгардонии молиявии корхонаҳо, кам кардани хароҷот аз ҳисоби зиёд кардани самараи истеҳсолот, ба вуҷуд овардани системаи идоракунӣ дар асоси таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ тадбирҳо муайян шуданд.

    Президент ба роҳбарони соҳа вобаста ба беист бо захираҳои сӯзишвориву энергетикӣ таъмин кардани аҳолӣ ва корхонаҳо супоришоти дақиқ дод.

    Барои бартараф намудани талафот бо пурра ҷорӣ намудани низоми автоматиконидашудаи назорат ва баҳисобгирии сарфи гази табиӣ тадбирҳо муайян карда шуданд. Муҳимияти сарфаи захираҳо ва ҳавасмандгардонии истифодаи манбаъҳои муқобили энергия зикр гардид.

    No date selected
    August 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates