Тадбирҳои мукаммале баррасӣ гардиданд, ки барои таъмини
устувори аҳолӣ, муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ ва бахшҳои иқтисодиёт бо захираҳои
энергетикӣ дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2026–2027 таҳия шудаанд. Вобаста
ба таъмини гази табиӣ ва моеъ, таъмири шабакаҳои магистралӣ ва минтақавии газ,
ташаккули захираҳои сӯзишворӣ, инчунин омодагии гурӯҳҳои таъмиру барқарорсозии
фаврӣ вазифаҳои мушаххас муайян карда шуданд.
Ба омодагии
низоми таъмини газ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид. Аз ҷумла, то оғози мавсим
иваз намудани 53,7 километр қитъаҳои нуқсдори
газопроводҳои магистралӣ, инчунин таъмири асосии 77 агрегати
фишорбаландкунандаи газ дар истгоҳҳои компрессорӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ғайр аз ин, бо мақсади
беҳтар намудани таъмини газ ба 220 ҳазор хонавода дар 881 маҳалла ва коҳиш
додани талафоти технологӣ, гузаронидани низоми тақсимот аз сеқабата ба дуқабата
пешбинӣ шудааст. Ҳамчунин, 711,9 километр шабакаҳои газ ва 400 нуқтаи тақсимоти
газ пурра таъмир ва бозсозӣ карда мешаванд.
Ҳамчунин масъалаи таъмин намудани аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ
бо гази моеъ баррасӣ гардид. Дар мавсими тирамоҳу зимистон таъмини 325,7 ҳазор
тонна гази моеъ пешбинӣ шудааст, ки аз он 8,2 ҳазор тонна ба 104,7 ҳазор
истеъмолкунанда дар 229 маҳаллаи душвордастрас равона мегардад.
Чораҳо барои ташаккули захираҳои сӯзишворӣ низ андешида
мешаванд. Аз ҷумла, барои моҳҳои
декабр–январ захираи 120 ҳазор тонна бензини автомобилӣ ташкил карда мешавад.
Дар давраи мавсими гармидиҳӣ ба нерӯгоҳҳои барқии гармӣ интиқоли 4 миллиону 161
ҳазор тонна ангишт пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади
таъмини устувории технологӣ дар корхонаҳои низоми «Ӯзбекнефтегаз» дар 90 дастгоҳи
технологӣ корҳои таъмирӣ гузаронида мешаванд. Ин тадбирҳо имкон медиҳанд, ки иқтидорҳои
истеҳсолӣ бидуни таваққуф фаъолият намуда, аҳолӣ ва бахшҳои иқтисодиёт бо
захираҳои энергетикӣ мунтазам таъмин карда шаванд.
Таъкид гардид, ки корҳои омодагӣ набояд танҳо бо соҳаи
нафту газ маҳдуд шаванд. Зарур аст, ки онҳо дар ҳамоҳангӣ бо бахшҳои энергетикӣ
ва коммуналӣ амалӣ гарданд. Бо ин мақсад, ташкил ва фаъолияти комиссияҳои ҷумҳуриявӣ
ва минтақавӣ, ҳамоҳангсозӣ ва назорати доимии ҷараёни омодагӣ ба мавсими тирамоҳу
зимистон супориш дода шуд.
Ба шахсони масъул супориш дода шуд, ки иҷрои қатъии
чорабиниҳои пешбинишуда, анҷоми саривақтӣ ва босифати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу
зимистон, инчунин таъминоти устувори аҳолӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ бо гази табиӣ
ва моеъ ва дигар намудҳои сӯзишвориро таъмин намоянд.