Дар оғози мулоқот Михаил Мишустин ба роҳбари давлати мо саломи самимӣ ва орзуҳои накӯтарини Президенти Федератсияи Русия Владимир Путинро расонид.

Масъалаҳои рушди минбаъдаи муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии Ӯзбекистон ва Русия дар доираи татбиқсозии созишномаҳои дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ гардиданд.

Рушди устувори гардиши мол бо қаноатмандӣ қайд гардид. Аз оғози соли ҷорӣ ҳаҷми он 20 фоиз афзоиш ёфтааст. Татбиқи лоиҳаҳои бузург дар соҳаҳои энергетика, металлургия ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисодиёт идома дорад.

Ба масъалаҳои қабули чораҳои маҷмӯӣ, ки ба нигоҳ доштани суръати рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ нигаронида шудаанд, инчунин, дастгирии лоиҳаҳои кооператсияи саноатӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Роҳбари Ӯзбекистон аҳамияти густариши минбаъдаи ҳамкориҳои амалӣ дар сатҳи минтақаҳо ва пешбурди барномаҳои мубодилаи фарҳангӣ ва таълимиро таъкид намуд.