Пеш аз ҳама оид ба корҳои анҷомдодашуда ҷиҳати баланд бардоштани омодагии ҷангӣ ва тайёрии ҳарбӣ, ҷорӣ намудани низоми нави таълим ва омӯзиши касбии ҳайати шахсӣ ҳисобот пешниҳод гардид.
Аз ҷумла, зикр шуд, ки бо мақсади нигоҳ доштани омодагии ҷангӣ дар қисмҳои ҳарбӣ ба таври мунтазам машқҳои стратегии мураккаб, машқҳои фармондеҳӣ ва штабӣ, ҷамъомадҳо, машқҳои саҳроӣ ва курсҳои таълимӣ баргузор карда мешаванд. Ҳамзамон, ба ташаккули чунин сифатҳои муҳими ҷангӣ дар ҳайати шахсӣ, аз қабили устувории маънавию равонӣ, қобилияти идора кардани тарс ва эҳсосот дар шароити воқеии ҷанг, инчунин қобилияти амал кардан бо қатъият диққати махсус дода мешавад.
Хабар дода шуд, ки бо дарназардошти таҳлили ҷангҳои муосир дар тамоми машқҳо ва омӯзишҳо усул ва шаклҳои нави пешбурди ҷанг аз худ карда мешаванд, инчунин тадбирҳои дахлдор ҷиҳати баланд бардоштани ҳаракатнокии қисмҳо, имкониятҳои ҷангии онҳо ва қобилияти мустақилона иҷро намудани вазифаҳои гузошташуда андешида мешаванд.
Ҳар сол ва ба таври васеъ ҳамчун иди миллӣ дар кишвари мо ҷашн гирифтани 9 май – Рӯзи хотира ва қадр таҷассуми амалии сиёсати Ӯзбекистон оид ба ҳифзи сулҳ, таҳкими истиқлолият, абадӣ гардонидани хотираи онҳое, ки барои озодии Ватан ҷон бохтаанд ва нишон додани ғамхорӣ ба собиқадорони ҷанг ва меҳнат мебошад.
Ба муносибати ин ид дар соли ҷорӣ пешниҳод гардид, ки ба ҳар як иштирокчӣ ва маъюби Ҷанги дуюми ҷаҳон кумаки якдафъаинаи пулӣ ба маблағи 30 миллион сӯм пардохт карда шавад.
Илова бар ин, дар ин рӯз пешбинӣ шудааст, ки ба иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнати ақибгоҳ, насли калонсол ва устодон таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса зоҳир карда шавад, манзили зисти собиқадорони танҳо ва камбизоат обод карда шавад ва чорабиниҳои гуногуни хотиравӣ ва тантанавӣ баргузор гарданд. Ҳамчунин хотираи фарзандони содиқи Ватан, ки дар солҳои истиқлолият ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ҳалок шудаанд, ҷовидон карда мешавад. Ба оилаҳои онҳо кумаки моддӣ ва маънавӣ расонида хоҳад шуд.
Чорабиниҳои маънавию маърифатӣ ва ватандӯстона, ки ба ситоиши шуҷоат ва ҷасорати хизматчиёни ҳарбӣ, ки барои сулҳ ва оромии Ватани мо ҷони худро фидо кардаанд, равона шудаанд, ба нақша гирифта шудаанд. Дар саросари кишвар таҳти шиори «Қарз, шуҷоат, устуворӣ!» чорабиниҳои фарҳангӣ-маърифатӣ, мулоқотҳои се насл, шабҳои эҷодӣ, озмунҳо ва мусобиқаҳои оммавии варзишӣ баргузор карда мешаванд.
Тадбирҳои иловагӣ, ки ба сатҳи нав баровардани низоми омодасозии афсарони захира ва эҳтиётӣ равона шудаанд, баррасӣ гардиданд. Тавре зикр шуд, таҳлили низоъҳои ҳарбии дар ҷаҳон ҷараёндошта нишон медиҳад, ки бо дарназардошти ниёзҳои сафарбаркунии замони ҷанг, яке аз вазифаҳои муҳим ташаккули захираи омодашудаи афсарӣ дар давраи осоишта ва тақсимоти дурусти он аз рӯи ихтисосҳои ҳарбӣ мебошад.
Дар айни замон дар марказҳои таълимии ҳарбӣ ва факултетҳои 4 муассисаи таҳсилоти олии шаҳрвандӣ ва 2 муассисаи олии ҳарбӣ омодасозии афсарони захира ва эҳтиётӣ аз рӯи 42 ихтисос амалӣ мегардад. Илова бар ин, пешниҳод шуд, ки боз 5 маркази таълимии ҳарбӣ дар Донишгоҳҳои давлатии Урганч, Тирмиз ва Андиҷон, Донишкадаи иқтисод ва сервиси Самарқанд, инчунин дар Донишкадаи давлатии тиббии Андиҷон таъсис дода шаванд.
Ҳамзамон дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти олӣ низоми омодасозии афсарони захира ва эҳтиётӣ дар асоси барномаи бакалаври сеcола аз рӯи равияи «Таҳсилоти ҳарбии тодаъват» ҷорӣ карда мешавад. Дар Донишкадаи ҳарбӣ-тиббӣ бори аввал барои донишҷӯёне, ки ба ординатураи клиникӣ ва магистратура дохил шудаанд ва хоҳиши гузаштани омодагии ҳарбиро доранд, таҳсил дар асоси шартнома (пулакӣ) ба роҳ монда мешавад. Чунин имконият ҳамчунин барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии ғайридавлатӣ фароҳам оварда мешавад.
Инчунин омодасозии афсарони захира аз рӯи самтҳои муосир ва тангихтисос, ки имрӯз талаботи зиёд доранд, ба монанди зеҳни сунъӣ, дронҳо ва робототехника ба роҳ монда мешавад. Барои воҳидҳои омодагии ҳарбӣ бо такя ба таҷрибаи пешқадами артиши кишварҳои хориҷӣ нақшаҳо ва барномаҳои нави таълимӣ таҳия карда мешаванд.
Ба масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ низ таваҷҷуҳи махсус дода шуд. Дар ҷамъомади Шӯрои амният, ки 13 январи соли ҷорӣ таҳти раёсати Президенти кишвар, Сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ баргузор гардид, ин мавзуъ ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятнок муайян карда шуд.
Аз ҷумла, пешниҳод гардид, ки андозаи иловапулии ҳармоҳа ба афсарони Вазорати мудофиа барои собиқаи хизмат ду баробар зиёд карда шавад, инчунин маоши хидматчиёни қаторӣ ва сержантҳое, ки тибқи шартнома хизмат мекунанд, 10 фоиз зиёд карда шавад.
Президенти кишвар пешниҳодҳои тақдимшударо дастгирӣ намуда, таъкид кард, ки татбиқи онҳо ба таҳкими минбаъдаи ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзои оилаҳои онҳо, инчунин баланд бардоштани нуфуз ва ҷолибияти хизмати ҳарбӣ мусоидат хоҳад кард. Аз рӯи натиҷаҳо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба имзо расонида шуданд.