Ба иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда, ба ҷои ҳодиса 16 гурӯҳи оташнишонию наҷотдиҳӣ ва 3 мошини нардбондор ҳозир шудаанд.
Тибқи маълумоти охирин, соати 05:02 сӯхтор хомӯш карда шудааст. Барои муайян кардани сабабҳои сӯхтор дар ҷои ҳодиса лабораторияи махсуси вазорати ҳолатҳои фавқулодда кор мекунад. Штаби махсус ташкил карда шудааст.
Мувофиқи маълумоти расмии Вазорати тандурустӣ, аз сӯхтор осебдидагон ба Маркази ҷумҳуриявии илмии ёрии таъҷилии тиббӣ ва филиали он дар вилояти Тошканд расонда шуданд. Дар айни замон духтурон ба онҳо тамоми ёрии тиббиро расонда истодаанд.
Ширкати “Uzbekistan Airports” хабар дод, ки таркиш ба кори фурудгоҳи пойтахт таъсир нарасондааст. Фурудгоҳи байналмилалии Тошканд бидуни маҳдудият кор мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати ҳолатҳои фавқулодда сӯхтор дар анбори ҶММ «Интер Логистик» рух додааст.
Ҳамчунин, Вазорати ҳолатҳои фавқуллода хоҳиш менамояд, ки ба хабари бардурӯғи дар интернет дар бораи он ки ҳодиса дар ноҳияи Сергели «дар натиҷаи суқути ҳавопаймо рух додааст» паҳншуда бовар накунанд.
Оид ба вазъият ба зудӣ маълумоти иловагӣ дода мешавад.