Дорандагони медалҳо:
1. Ҳенрик фон Эккерман (Шветсия)
2. Гарри Смулдерс (Нидерландия)
3. Хантер Холлоуэй (ИМА)
Дар мусобиқаҳо варзишгарон монеаҳои баландиаш 160 сантиметриро паси cap карданд. Савораи ӯзбекистонӣ гарчанд дар қатори ғолибон шуда натавонист бошад ҳам, дар таърихи спорти аспдавонии ҷумҳурӣ саҳифаи нав кушод.
Раиси Федератсияи асппарварӣ ва аспдавонии Ӯзбекистон Баҳромҷон Ғазиев, Котиби генералӣ Нодирбек Иброҳимов, сармураббӣ Бекзод Қурбонов, барои парвариши асп дар роҳ ва дар ҷараёни мусобиқа масъул Олимҷон Ғазиев ва Мирҷалол Бурлиев ба тайёр кардани варзишагри ватанӣ Нурҷон Туякбоев ба мусобиқа
саҳми босазо гузоштанд.
Ёдовар мешавем, ки Нурҷон Туякбоев дар ин мусобиқоти бонуфуз ҳамчун барандаи Лигаи Авруосиё-2022 ширкат карда буд.