Бо мақсади эъзози зан ва духтарон дар мамлакат, дастгирии орзуву ниятҳои неки онҳо, инчунин ба таври муносиб ҳавасманд намудани духтароне, ки бо истеъдод, ғоя ва ташаббусҳои муҳим, корҳои амалии шоиста ва дастовардҳои худ барои ҷавонон ибрат мегарданд, дар раванди дигаргуниҳои ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ фаъолона иштирок намуда, дар роҳи рушди Ватан тамоми нерую тавоноӣ, дониш ва таҷрибаи муосир, иқтидори маънавию зеҳнии худро нишон медиҳанд:
1. Пешниҳодҳои Комиссияи Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфияи назди Кумитаи оила ва зану духтарон дар бораи бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардондани духтарони соҳибистеъдод аз Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, вилоятҳо ва шаҳри Тошканд, барои хулқи аъло, истеъдоди нодир, заковат, ташаббускорӣ, комёбиҳо дар таҳсил, инчунин дастовардҳои назаррас дар соҳаи таълим, илм, адабиёт, фарҳанг, санъат, варзиш, технологияҳои иттилоотӣ ва фаъолияти ҷамъиятӣ мувофиқи рӯйхати замима тасдиқ карда шавад.
2. Ба ҷоизадорони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия диплом ва нишонҳои сарисинагӣ дар тантанаҳои идонае, ки ба муносибати 8 март – Рӯзи байналмилалии зан ва духтарон доир мегарданд, супурда шаванд.
3. Вазорати иқтисодиёт ва молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба ҳар як ҷоизадори Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия тақдим намудани мукофоти пулиро дар ҳаҷми 50 баробари миқдори ҳисоби базавӣ таъмин намояд.
4. Ба Оҷонси миллии иттилоотии Ӯзбекистон, Ширкати миллии телевизион ва радиои Ӯзбекистон ва дигар воситаҳои ахбори омма тавсия дода мешавад, ки фаъолияти ибратбахши ҷоизадорони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, истеъдоди беназир ва комёбиҳои онҳоро васеъ инъикос намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон А. Арипов ва мушовири Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ғ.Мирзаев гузошта шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. МИРЗИЁЕВ
***
РӮЙХАТИ
ҷоизадорони Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия
Сатниязова Индира Қанияз қизи – донишҷӯи курси 3-юми Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқ (Ҷумҳурии Қароқалпоқистон)
Эримбатова Дилноза Нурулло қизи – магистранти курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Қароқалпоқ (Ҷумҳурии Қароқалпоқистон)
Умурзоқова Моҳларой Мухторҷон қизи – магистранти курси 1-уми Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон (вилояти Андиҷон)
Абдуқаҳҳорова Муслимахон Мирзобаҳром қизи – магистранти курси 1-уми Донишкадаи давлатии омӯзгории Андиҷон (вилояти Андиҷон)
Эргашова Меҳринисо Ҳусниддин қизи – магистранти курси 1-уми Донишкадаи давлатии омӯзгории Бухоро (вилояти Бухоро)
Файзуллоева Вазира Ҳамидовна – магистранти курси 1-уми Донишкадаи давлатии тиббии Бухоро (вилояти Бухоро)
Турсунова Висола Беҳзодовна – донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Ҷиззах (вилояти Ҷиззах)
Ҷӯрабоева Муҳсина Ориф қизи – мудири утоқи кафедраи ҷуғрофияи табиии Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (вилояти Ҷиззах)
Муродова Марҷона Шуҳрат қизи – нозири шуъбаи ҳамкории байналмилалии Донишкадаи гумрук (вилояти Қашқадарё)
Амирова Латофат Баҳром қизи – эҷодкори озод, шоир (вилояти Қашқадарё)
Қудратова Машҳура Фазлиддин қизи – донишомӯзи синфи 11-и Мактаби президентии шаҳри Навоӣ (вилояти Навоӣ)
Ҳайдарова Лазиза Набиҷон қизи – донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи давлатии Навоӣ (вилояти Навоӣ)
Эргашова Хушнозаой Тоҳирҷон қизи – артисти балети Ансамбли давлатии рақсии «Баҳор» ба номи М. Турғунбоева (вилояти Намангон)
Исмоилова Гулшаной Шуҳрат қизи – донишҷӯи курси 1-уми Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон (вилояти Намангон)
Мамедова Амалия Парвизовна – донишомӯзи синфи 11-и мактаби таълими умумии рақами 33-юми шаҳри Самарқанд (вилояти Самарқанд)
Тоҳирова Моҳигул Умир қизи – ассистенти кафедраи психологияи амалии Донишгоҳи давлатии Самарқанд (вилояти Самарқанд)
Мингбоева Зулхаё Улуғбек қизи – донишомӯзи синфи 11-и мактаби эҷодии ба номи Ҳалима Худойбердиева, воқеъ дар шаҳри Гулистон (вилояти Сирдарё)
Маҳмудова Олимахон Юсуфҷон қизи – навозандаи шуъбаи Маркази санъати мақоми миллии ӯзбек дар вилояти Сирдарё (вилояти Сирдарё)
Иброҳимова Нодира Ҷӯрабековна – роҳбари лоиҳаи муассисаи таълимии ғайридавлатии «Shkola 21»-и шаҳри Тошканд (вилояти Сурхондарё)
Шокирова Гулҳаё Ӯктам қизи – магистранти курси 1-уми Донишкадаи нассоҷӣ ва саноати сабуки Тошканд (вилояти Сурхондарё)
Ӯралова Гулҳаё Баҳодир қизи – докторанти такягоҳии курси 2-юми Институти забон, адабиёт ва фолклори ӯзбеки Академияи илмҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон (вилояти Тошканд)
Холмуҳаммедова Паризод Ҷасурбек қизи – омӯзгори кашидадӯзии бадеии Мактаби мусиқӣ ва санъати бачагонаи рақами 24-и ноҳияи Юқори Чирчиқ (вилояти Тошканд)
Ҷӯрабоева Дилафрӯзхон Сардорҷон қизи – фрилансер дар платформаҳои байналмилалии фриланс (вилояти Фарғона)
Собирова Дилафрӯзхон Салоҳиддин қизи – донишомӯзи синфи 11-и Мактаби президентии шаҳри Фарғона (вилояти Фарғона)
Қуронбоева Моҳинур Одилбек қизи – омӯзгори калони Донишкадаи давлатии тиббии Урганч (вилояти Хоразм)
Дӯсметова Шаҳзода Дӯсмет қизи – сарояндаи мақоми шуъбаи Маркази санъати мақоми миллии ӯзбек дар вилояти Хоразм (вилояти Хоразм)
Сарансева Анастасия Олеговна – донишомӯзи синфи 11-и мактаби таълими умумии рақами 208-и ноҳияи Мирзо Улуғбек (шаҳри Тошканд)
Мавлонова Севинч Санҷар қизи – донишҷӯи курси 2-юми Донишгоҳи «Ӯзбекистони Нав» (шаҳри Тошканд)