Дар доираи иҷрои вазифаҳое, ки Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев дар саммити имсолаи Абу-Дабӣ гузошта буд, якҷо бо қатор ширкатҳои АМА лоиҳаҳои бузург дар соҳаи энергетикаи «сабз» амалӣ мегарданд. То имрӯз ҳаҷми нерӯи барқе, ки аз нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ тавлид шудааст, зиёда аз 8 миллиард кВт·соат-ро ташкил медиҳад.

Бо мақсади зиёд намудани ҳиссаи энергетикаи барқароршавандаи хурд, тезонидани корҳои ин самт ва ҷорӣ намудани усулҳои нав бо ширкати GSU созишномаҳои дахлдор ба имзо расиданд. GSU ба ҶДММ «Энергияи сабз» 27 миллион доллари ИМА сармоягузорӣ мекунад.

Ширкати «Энергияи сабз» бо насб ва истифодабарии таҷҳизоти энергетикаи барқароршавандаи хурд дар муассисаҳои соҳаи иҷтимоӣ, идораҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳо машғул хоҳад шуд. Дар доираи ҳамкорӣ бо GSU сохтмони нерӯгоҳҳои хурди офтобӣ ва гидроэнергетикӣ, инчунин истгоҳҳои пуркунии фаврии мошинҳои барқӣ суръат бахшида мешавад. Илова бар ин, хизматрасонии техникии замонавии ин манбаъҳои «сабз»-и энергия таъмин мегардад.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи тезонидани корҳои рушди энергетикаи «сабз» дар Ӯзбекистон ба мувофиқа расиданд.