Фонди чамъиятии «Ибни Сино» ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскави ба номи М.В. Ломоносов меморандуми хамкорӣ имзо карданд

    Фарҳанг 22 Avgust 2022 1537

    Дар пойтахт конфронси байналмилалии илмӣ-маърифатӣ дар мавзӯи «Мероси Абӯалӣ ибни Сино: назари Шарқу Ғарб» баргузор шуд, ки ба 1042-солагии зодрӯзи олими маъруфи ҷаҳон бахшида шудааст.

    Чорабинии мазкур аз ҷониби Фонди ҷамъиятии «Ибни Сино» дар якҷоягӣ бо Маркази тадқиқотии таърих, санъат ва фарҳанги ислом (IRCICA) ва Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон ташкил карда шуд.

    Дар конфронси илмии байналмилалӣ коршиносону олимон аз Ӯзбекистон, Олмон, Эрон, Туркия, Миср, Ҳиндустон, Исроил, Корея, Тоҷикистон, Қирғизистон ва дигар кишварҳои хориҷӣ ширкат доштанд.

    Директори Маркази тамаддуни исломии Ӯзбекистон Шоазим Миноваров, муовини аввали вазири тандурустӣ Амрилло Иноятов, директори генералии Маркази омӯзиши таърих, фарҳанг ва санъати исломи (IRCICA) профессор Маҳмуд Эрол Килич ва раиси раёсати Фонди ҷамъиятии «Ибни Сино» Нозимхон Маҳмудов дар ифтитоҳи чорабинӣ суханронӣ намуданд.

    Маърӯзаҳои илмӣ ба асарҳо ва тадқиқотҳои олим-мутафаккири бузург Абӯалӣ ибни Сино, ки дар инкишофи илми ҷаҳон, бахусус тиб, табиатшиносӣ, астрономия, математика, мусиқӣ, ахлоқу адаб саҳми бемисл гузоштааст, бахшида шуданд.

    Дар рафти конфронс миёни Фонди ҷамъиятии "Ибни Сино" ва филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Тошканд меморандуми ҳамкорӣ ба имзо расид, ки ҳадаф аз он рушди ҳамкориҳои илмию фарҳангӣ ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ, ифтихор аз олимону мутафаккирони шарқи асрҳои миёна буд, ки дар рушди тамаддун ва инсоният ҳиссаи беназир гузоштааст, хабар медиҳад АИ «Дунё».

    Дар доираи конфронс ҳамчунин намоишгоҳи намунаҳои таҷҳизоти тиббии давраи Ибни Сино ташкил карда шуд.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates