Қаблан хабар дода шуда буд, ки Рашид Анвар ўғли Бойбеков, ки бар асари заминларза дар минтақаи Қаҳрамонмараш нопадид шуда буд, кашф ва аз зери харобаҳо берун бароварда ва ба муассисаи тиббӣ интиқол дода шуд.
Ба иттилои хабаргузории "Анадолу", субҳи 9 феврал шумори қурбониёни заминларзаи харобиовар дар Туркия ба 12 ҳазору 391 нафар расид.
Президент Реҷеп Таййип Эрдоған ба хотири қурбониёни офати табиӣ дар Туркия ҳафт рӯз мотами миллӣ эълон кард. Парчамҳои давлатии Туркия дар саросари кишвар паст карда шудаанд.