Ин маводҳо барои воридот, истеҳсол, паҳнкунӣ ва намоиш дар ҳудуди кишвар манъ мебошанд.

Ба ин рӯйхат тақрибан 1600 канал, саҳифа ва мавод дохил шудааст, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоии Facebook (249), Instagram (265), YouTube (167), «Одноклассники» (36), TikTok (53), инчунин дар паёмрасони Telegram (790). Ҳамчунин дар рӯйхат маводҳо дар шакли матн, аудио ва видео дар вебсайтҳои гуногун зикр шудаанд.