Масъалаҳои густариши ҳамкорӣ бо роҳи оҳани Афғонистон баррасӣ мешаванд

    Нақлиёт 7 Dekabr 2022 1781

    5-7 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Тирмиз байни намояндагони ҶС “Ўзбекистон темир йўллари” ва раёсати роҳи оҳани Афғонистон машварати навбатии солонаи шартҳои истифодабарии теххникии қитъаи роҳи оҳани "Хайратон-Мазори Шариф" барои соли 2023 баргузор мегардад.

    Аз соли 2011 инҷониб Корхонаи фаръии ваколатдори «Sogdiana Trans» ҶС «Ӯзбекистон темир йӯллари» корҳои истифодабарии қитъаи роҳи оҳанро дар қаламрави Афғонистон анҷом медиҳад.

    Бо дарназардошти дурнамои татбиқи лоиҳаи хатти роҳи оҳани “Тирмиз – Мазори Шариф – Кобул – Пешовар” ва зарурати оғози омодасозии мутахассисони маҳаллӣ, аз соли 2019 дар Маркази таълимии шаҳри Тирмиз корҳо оид ба омӯзиш, бо коромӯзии минбаъда бевосита дар ҷои кор пеш бурда мешаванд.

    Дар робита ба ин, ҷонибҳо ҳамчунин имкони ҷалби кормандони техникии афғонро, ки маъмурияти роҳи оҳани Афғонистон барои истифодабарии қитъаи роҳи оҳани "Хайратон-Мазори Шариф" пешниҳод кардааст, баррасӣ мекунанд.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates