Муносибатҳои байнипарлумонии Ӯзбекистон ва Тоҷикистон баррасӣ шуданд

    Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ӯзбекистон Танзила Нарбоева дар доираи Форуми занони Осиё бо муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ мулоқот анҷом дод.

    Зимни мулоқот ҷонибҳо таъкид намуданд, ки дар натиҷаи дӯстӣ ва ҳамкориҳои самимии ду кишвар бисёр соҳаҳо инкишоф ёфта, бахусус муносибатҳои байнипарлумонӣ ба сатҳи нав баромад.

    Мавсума Муинӣ ҳамчунин аҳамият ва нақши Форуми занони Осиё дар ҷомеаи ҷаҳониро, ки бори аввал бо ибтикори Ӯзбекистон ташкил шудааст, таъкид намуда, изҳори умедворӣ кард, ки масъалаҳои дар ин ҳамоиш баррасишуда дастури амали тамоми давлатҳо дар таҳияи қарорҳои самаранок хоҳанд шуд.

    Илова бар ин, ҷонибҳо ба густариши ҳамкориҳои фарҳангӣ бар пояи шабоҳати анъана ва расму оинҳои мардуми ду кишвар таваҷҷуҳ зоҳир карданд. Махсусан кайд карда шуд, ки ин дар навбати худ воситаи муҳими боз ҳам ба ҳам наздик шудани халқҳои ӯзбек ва тоҷик мегардад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates