Лоиҳаҳое, ки якҷоя бо сохтори СММ оид ба масъалаҳои занон татбиқ мегарданд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд

    Раиси Сенати Олий Маҷлис Танзила Нарбоева бо менеҷери сохтори СММ оид ба Ӯзбекистон Ҷерен Гувен Гурес мулоқот анҷом дод.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои Ӯзбекистон ва сохтори Созмони Милали Муттаҳид «СММ занон» тавассути татбиқи лоиҳаҳои муштарак баррасӣ шуданд.

    Аз ҷумла, ба чунин самтҳо аз қабили, тавсеаи имкониятҳои иқтисодии занон ва рушди соҳибкории занон, таъмини ҳифзи иҷтимоии онҳо, таъсиси ҷойҳои кории муносиб таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Алоҳида қайд гардид, ки Ӯзбекистон ҳамчун яке аз фаъолтарин кишварҳои ҷаҳон дар таъмини баробарии гендерӣ тадбирҳои мушаххас, аз ҷумла Стратегияи ноил шудан ба баробарии гендерӣ то соли 2030-ро амалӣ менамояд ва вазифаҳои дар Стратегияи «Ӯзбекистон-2030» гузошташуда бо ғояҳои СММ мувофиқанд.

    Дар рафти суҳбат ҳамчунин доир ба нақшаҳои муштараки оянда, инчунин чорабиниҳои байналхалқӣ табодули афкор сурат гирифт.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates