Таваҷҷуҳи тарафҳо ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Иёлоти Муттаҳида нигаронида шудаанд. Маҷмӯи васеи масъалаҳое, ки ба ҳамкориҳои кишварҳои мо дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва раванди шомилшавии Ӯзбекистон ба Созмони умумиҷаҳонии тиҷорат дахл доранд, баррасӣ шуданд.
Дар бораи ташкили сафарҳои намояндагиҳои тиҷории Амрико ба Ӯзбекистон бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ва таҳияи лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ дар соҳаи муҳими маъданҳои фоиданок мувофиқа ҳосил шуд.
Дар ҷамъбасти вохӯрӣ азми қатъӣ ҷиҳати амиқтар ва густариши минбаъдаи ҳамкориҳо аз рӯи ҳамаи масъалаҳои мавриди баррасӣ изҳор карда шуд.