Тайёрии ҷонибҳо барои иҷрои ҳамаҷонибаи тавофуқоти дар натиҷаи мулоқоту музокироти раҳбарони ду кишвар ҳосилшуда таъкид шуд.

Оид ба масъалаҳои мубрами муносибатҳои шарикии стратегии  Ўзбекистон ва Русия дар соҳаҳои сиёсиву дипломатӣ, тиҷоративу иқтисодӣ, фарҳангиву инсонпарварӣ ва дигар мубодилаи афкор сурат гирифт.

Таваҷҷуҳи махсус ба фаъолсозии дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумла тавассути андешидани тадбирҳо оид ба афзоиши минбаъдаи нишондиҳандаҳои савдо, ҷалби сармояҳо ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак зоҳир гардид.

Ҷадвал ва рӯзномаи чорабиниҳои дарпешистода дар форматҳои дуҷониба ва бисёрҷониба баррасӣ шуданд.

Пайравии Ўзбекистон ва Русия ба идома додани муколама дар доираи ниҳодҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид гардид, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВКХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.