Масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкории Ўзбекистон ва Малайзия баррасӣ гардиданд

    1 феврали соли 2023 иҷрокунандаи вазифаи вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бахтиёр Саидов Сафири Фавқулода ва Мухтори Малайзия Ҳенди Ассанро ба ҳузур пазируфт.

    Дар вохӯрӣ масъалаҳои мубрами рӯзномаи дуҷониба баррасӣ шуда, натиҷаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ дар соли 2022 ҷамъбаст гардида, самтҳои афзалиятноки ҳамкориҳо барои соли 2023 муайян карда шуданд.

    Гуфта шуд, ки ҳамкориҳо дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ ба зарфиятҳои ду кишвар мувофиқ нест. Дар мавриди такмили механизмҳои муштараки дипломатияи иқтисодӣ, аз ҷумла тавассути барқарор кардани фаъолияти Кумитаи муштараки савдои байни Ӯзбекистон ва Малайзия табодули афкор сурат гирифт.

    Ба дурнамои густариши ҳамкории фарҳангию гуманитарии таълимӣ ва вусъат додани ҳамкории байниминтақавӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир карда шуд.

    Дар мулоқот ҳамчунин зарурати афзоиши минбаъдаи табодули сайёҳон, бахусус дар соҳаи сайёҳии зиёратӣ таъкид шуда, ҷанбаҳои амалии татбиқи лоиҳаҳои дахлдори муштарак баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates