Бояд гуфт, ки “Whiteshield partners” ширкати консалтингӣ буда, ба таҳияи стратегияи ҷаҳонӣ ва сиёсати давлатӣ тахассус дорад.

Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба таъсири ислоҳоти дар кишвар ҷараёндошта ба рейтингҳои байналмилалӣ ва дурнамои ин самт табодули афкор намуданд.

Хабар дода шуд, ки пешниҳодҳои аз ҷониби ширкати Whiteshield Partners оид ба таъсиси гурӯҳи рӯзномаи миллӣ пеш гузошташуда ба коркард ва татбиқи Рӯзномаи миллии баланд бардоштани рейтинги байналмилалии Ӯзбекистон нигаронда шудааст.   

Чӣ хеле ки таъкид гардид, рӯзномаи миллии оид ба рейтингҳо дар айни ҳол таҳияшаванда пакети чораҳои кутоҳмуддат ва дарозмӯҳлати ислоҳоти сохтории барои беҳтар гардондани мавқеи Ӯзбекистон дар рейтингҳои байналмилалӣ заруриро фаро мегирад, хабар медиҳад хидмати иттилоотии Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон.