Масъалаҳои ҳамкории байни Агентии «Ўзбеккосмос» ва Сафорати Фаронса дар Ўзбекистон баррасӣ гардиданд

    Мулоқоти намояндагони Агентии тадқиқотҳои кайҳонӣ ва технологияҳои назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Сафорати Фаронса дар Ӯзбекистон ба вуқӯъ пайваст. Дар он масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ шуданд.

    Аз ҷумла, ба тайёр кардан, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо дар муассисаҳои бонуфузи таълими олии Фаронса бо мақсади боз ҳам инкишоф додани фаъолияти кайҳонӣ дар мамлакатамон диққати махсус дода шуд.

    Зимни мулоқот директори генералии Агентии тадқиқоти кайҳонӣ ва технологияҳои назди Девони Вазирони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шуҳрат Қодиров ба Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон хонум Аурелия Бушез дар бораи вазъи кунунии ҳамкорӣ бо Маркази миллии тадқиқоти кайҳонӣ (CNES) ва "Airbus Defence and Space" маълумот дод.

    Вай аз ҷумла қайд кард, ки ширкати "Airbus Defence and Space" ва Агентии «Ӯзбеккосмос» татбиқи лоиҳаи озмоишии муштаракро ба нақша гирифтаанд.

    Дар навбати худ, хонум Орелия Бушез изҳор дошт, ки ширкатҳои пешқадами фаронсавӣ аз қабили "Thales, Eutelsat" низ аз ҳамкорӣ бо Агентии «Ӯзбеккосмос» манфиатдоранд, хабар медиҳад хидмати матбуот.

    No date selected
    May 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates