Лоиҳаи мазкур дар формати татбиқи меморандуми байни Агентии рушди стратегии Ҷумҳурии Ўзбекистон ва Агентии ташаббусҳои стратегии Федератсияи Русия ба нақша гирифта шудааст.

Дар маркази эътибори мулоқоти онлайнии ҳамкорони ӯзбекистониву русиягӣ худи раванди офаридани майдончаи рақамӣ барои тиҷорат, ҷанбаҳои ташкилии идоракунии он, аз он ҷумла маблағгузорӣ, тартиби қабул ва баррасии соҳибкорон қарор дорад.

Дар баромади мутахассисони рус таҷрибаи ҳамкории иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки манфиатҳои субъектҳои хоҷагидорро ифода мекунанд, баррасӣ шуд, хабар медиҳад хидмати матбуоти Агентии рушди стратегии Ҷумҳурии Ӯзбекистон.