Масъалаҳои рушди босуръати шарикии иқтисодии байни Ўзбекистон ва Русия баррасӣ гардиданд

    27 октябр дар доираи сафари ҳайати ҳукуматии Ӯзбекистон ба Федератсияи Русия мулоқоти ҳамраисҳои Комиссияи байниҳукуматии Ӯзбекистону Русия оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ – муовини Сарвазир – Вазири сармоягузорӣ ва савдои хориҷии ҷумҳурӣ Узбекистон С.Умурзоков ва вазири рушди иқтисодии Федератсияи Русия М.Решетников баргузор гардид.

    Зимни мулоқот оид ба вазъи кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои иқтисодии ду кишвар дар самтҳои афзалиятнок табодули судманд сурат гирифт. Лоиҳаҳои мушаххаси сармоягузорӣ, пешниҳодҳо оид ба густариши тиҷорати мутақобила, таҳкими робитаҳои нақлиётию логистикӣ ва рушди ҳамкорӣ дар бахши бонкиву молия ба таври назаррас баррасӣ шуданд.

    Ташаббусҳои нави пешомаднок, аз он ҷумла таклифҳои аз ҷониби Идораи лоиҳавӣ таҳия шуда, байни Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Вазорати саноат ва савдои Федератсияи Русия созмондодашуда баррасӣ гардиданд.

    Ҷонибҳо мавҷуд будани иқтидори назаррасро барои афзун гардондани гардиши мол таъкид намуда, ба мувофиқа омаданд, ки омӯзиши амиқ ва ҳамаҷонибаи тамоми саддҳои мавҷударо бо коркарди механизмҳои барҳам додани онҳо, аз он ҷумла ҳамоҳангсозии регламент ва андозаҳои техникӣ, меъёрҳои санитарӣ ва фитосанитарӣ, инчунин рақамисозии тартиботи гумрукӣ гузаронанд.

    Шакли ҳамкориҳои минбаъда оид ба беҳтар кардани шароит барои зиёд кардани ҳаҷми ҳамлу нақли борҳои мутақобила, аз ҷумла аз ҳисоби баланд бардоштани самаранокии истифодаи мавҷуда ва бунёди долонҳои нави нақлиётӣ, ки ду давлатро мепайвандад, муайян карда шуд.

    Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки «Барномаи ҳамкориҳои тиҷоратӣ-иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва фарҳангию гуманитарӣ барои солҳои 2022-2026» - ҳуҷҷати ягонаи стратегӣ, ки рушди минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Ӯзбекистон ва Русияро бо коркарди ҳамзамон “харитаи роҳ” бо татбиқи он бо нишон додани чораҳои аниқ, механизмҳо, муҳлат ва идораҳои масъул муайян менамояд, ба таври фаврӣ ба итмом расонида, ба мувофиқа расонанд.

    Бо ҷалби роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор тамоми масъалаҳои мавҷуда дар самтҳои калидии ҳамкориҳо таҳия гардида, роҳҳои ҳалли барои ҷонибҳо қобили қабул коркард шуда, тадбирҳои минбаъда оид ба пешбурди лоиҳаҳо ва ташаббусҳои муштарак ба нақша гирифта шуданд. Дар ҷамъбасти мулоқот ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро дар самтҳои баррасишудаи ҳамкорӣ фаъол созанд, хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates