Рафти кор оид ба сохтмони минтақаи тиҷоратии марзии Ӯзбекистону Туркманистон баррасӣ шуд

    Тиҷорат 29 Dekabr 2022 1112

    28 декабри соли ҷорӣ дар Вазорати сармояҳо ва савдои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон таҳти раҳбарии муовини Сарвазир - вазири сармояҳо ва савдои хориҷӣ Ҷамшид Хоҷаев бахшида ба баррасии рафти корҳо оид ба таъсиси «Минтақаи савдои наздисарҳадии Ӯзбакистону Туркманистон – Маркази савдо» дар ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм ҷаласа доир шуд.

    Дар маҷлис роҳбарони вазорату идораҳои манфиатдор, иттиҳодияҳои саноатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимият иштирок доштанд.

    Иҷрои вазифаҳои мушаххасе, ки дар Протоколи таъсиси “Маркази савдои наздисарҳадии Ӯзбекистону Туркманистон”, ки дар ҷараёни сафари давлатии Сарвари Ӯзбекистон ба Туркманистон моҳи октябри соли ҷорӣ ба ба имзо расида буданд, ба таври муфассал таҳлил карда шуданд.

    Ҳисоботи раҳбарони масъули Гурӯҳҳои корӣ оид ба ҳалли масъалаҳои ҷудо кардани 3 гектар қитъаи замин аз ноҳияи Шовоти вилояти Хоразм, таҳия ва мувофиқа намудани ҳуҷҷатҳои лоиҳавии сметавӣ бо ҳамаи вазорату идораҳои манфиатдор, ҷалби бонкҳои тиҷоратӣ барои маблағгузории лоиҳа шунида шуд. Ба роҳбарони масъул ҷиҳати таъмини сифатнок ва саривақтии ҳар як марҳилаи лоиҳа бо роҳандозии назорат аз болои иҷрои вазифаҳои гузошташуда супоришҳои мақсаднок дода шуд.

    Ҷанбаҳои ҳамкориҳо бо ҷониби Туркманистон дар чаҳорчӯби ҳамоҳангсозии тартибҳои кори Маркази тиҷоратӣ, татбиқи имтиёзу сабукиҳо ҳангоми маъмуригардонии андоз, гузаштан аз назорати гумрук ва сарҳадӣ баррасӣ шуданд. Зарурати омӯзиши пайваста ва босифати муштараки масъалаҳое, ки дар ҷараёни татбиқи лоиҳа ба миён меоянд, таъкид гардид.

    Дар поёни мулоқот таваҷҷуҳи роҳбарони масъул ба аҳамият ва дурнамои ҳарчи зудтар ба кор андохтани Маркази савдо барои рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар нигаронида шуда, дар ин замина дар доираи суръат бахшидан ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ вазифаҳои иловагӣ ба миён гузошта шуданд. хабар медиҳад хидмати матбуоти ВССХ.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates