Барои истифодаи хидмати Fast Track, мусофир бояд:

ба дафтари маълумот дар терминали парвоз муроҷиат кунад;

ҳақи хидматро пардозад.

Пас аз он, намояндаи фурудгоҳ мусофирро аз тариқи “коридор”-и махсус то минтақаи “стерилӣ” ҳамроҳӣ мекунад, ки аз он ҷо мусофир мустақилона ба ҳавопаймо савор шуда метавонад, хабар медиҳад Uzbekistan Airports.

Арзиши хидматрасонии Fast Track:

барои як мусофир — 170 000 сӯм;

барои пассажироне, ки бо оилаи худ парвоз мекунанд («тарифи оилавӣ») — ба ҳар як зану шавҳар 127 500 сӯм. Ба фарзандони то 12-солаашон — ба ҳар як кӯдак 85 ҳазор сӯм. Кӯдакони то 2 сола - ройгон.

Шумо метавонед барои хизматрасонии Fast Track бо пули нақд дар асъори миллӣ  ё бо усули ғайринақдии кортҳои Uzcard, Humo, Visa, Mastercard ва ғайра пардохт кунед.