Барои хидматҳои бузургаш дар таҳким ва ба сатҳи нав бардоштани ҳамкориҳои байни Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва ЮНЕСКО, аз ҷумла рушди робитаҳо дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, саҳми арзандааш дар маъруф гардондани таърихи бостонӣ, мероси ғании фарҳангӣ, арзишҳои миллӣ, урфу одат ва анъанаҳои халқи мо дар ҷаҳон, дастгирии ҳамаҷонибаи ташаббусҳои пешниҳоднамудаи кишвари мо, инчунин барои фаъолияти самаранок ҷиҳати таҳкими муколамаи байнифарҳангӣ, дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмии халқҳои ҷаҳон Директори генералии ЮНЕСКО Одри Азулеро бо ордени «Дӯстлик»-и Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Ш. Мирзиёев








