Шаҳраки олимпӣ – маркази илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-омӯзишии варзиши миллӣ

    Дар ин бора Президент Шавкат Мирзиёев 18 ноябри соли 2023 зимни шиносоӣ бо сохтмони Шаҳраки олимпӣ изҳорот дод.

    – Дар ин ҷо бояд на танҳо машқҳои варзишӣ, балки таҳсилоти варзишӣ, илм ва тиб низ якҷо шаванд. Ба ибораи дигар, ин макон маркази илмӣ-амалӣ ва таълимӣ-омӯзишии варзиши кишвари мо хоҳад шуд, – таъкид намуд Сарвари давлат.

    Мувофиқи ин консепсия, дар шаҳрак Вазорати варзиш, Агентии зиддидопингӣ, Академияи давлатии варзиш, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-таҳқиқотии фарҳанги ҷисмонӣ ва Маркази рушди намудҳои варзиш ҷойгир шуданд.

    Ҳангоми сафари кунунӣ маълумот оид ба нақшаҳои истифодаи самараноки инфрасохтори Шаҳраки олимпӣ, ҷойгиршавӣ ва фаъолияти ташкилотҳои варзишӣ пешниҳод гардид.

    Пеш аз ҳама, дар ин ҷо мусобиқаҳои байналмилалӣ баргузор мешаванд. Баъди анҷоми онҳо иншоот бекор намемонанд: дар асоси онҳо ҷамъомадҳои таълимӣ-омӯзишии дастаҳои мунтахаби миллӣ ташкил мегарданд, федератсияҳо бошад бо мактабҳои варзишӣ ҳамкорӣ ба роҳ мемонанд. Ғайр аз ин, шароит барои машқҳои варзишӣ ба сокинони кишвар низ дастрас хоҳад буд.

    Президенти кишвар бо роҳбарони ташкилотҳо ва федератсияҳои варзишӣ мулоқот намуд.

    – Пеш аз ҳама варзишгарону федератсияҳои моро бо пайдо шудани чунин маҷмаа табрик мегӯям. Бо ин мо таҳкурсии мустаҳкамро барои саломатии насли наврас ва пирӯзиҳои оянда гузоштем. Вале ин танҳо оғоз аст. Аз ҳама муҳимаш – рушди оммавии намудҳои варзиш ва тайёр кардани варзишгарони касбӣ мебошад. Мо варзишро ҳам аз нигоҳи саломатӣ ва ҳам аз нигоҳи натиҷаҳо рушд медиҳем. Нақша дорем чунин шаҳракҳои олимпиро дар минтақаҳо низ созем. Ҳадафи асосӣ – саломатӣ ва рушди ҳамаҷонибаи ҷавонони мост, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Маълум аст, ки дар Бозиҳои олимпӣ ва Паралимпии соли 2024 дар шаҳри Париж варзишгарони мо муваффақона баромад карда, дар ҳисоботи умумидастаӣ ҳам дар самти олимпӣ ва ҳам паралимпӣ ҷойи 13-умро ишғол намуданд. Акнун ҳадаф рушди минбаъдаи ҳаракати олимпӣ ва баланд бардоштани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои минбаъда мебошад.

    8 июли соли ҷорӣ Президент қарореро оид ба барномаи омодасозии варзишгарони ӯзбек ба Бозиҳои олимпӣ ва паралимпии соли 2028 имзо кард. Барои ташкили мунтазами кор 14 воҳиди минтақавии Кумитаи миллии олимпӣ таъсис дода шуданд. Раиси Жоцаргӣ Кенеси Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, ҳокимони вилоятҳо ва шаҳри Тошканд намояндагони махсуси Президент оид ба рушди ҳаракати олимпӣ таъйин гардиданд. Аз ҳар як минтақа шахсони масъул аз Вазорати варзиш ва Кумитаи олимпӣ вобаста карда шуданд.

    Ҳадафи асосӣ – ташкили низоми устувори омодасозии варзишгарон ва фароҳам овардани шароит барои натиҷаҳои баланд на танҳо дар як Олимпиада, балки барои солҳои зиёд мебошад.

    Барои дарёфту омодасозии касбии варзишгарони боистеъдод аз сатҳҳои поёнӣ низоми сеқадамии мусобиқаҳои «Қуллаҳои олимпии Ӯзбекистони нав» ҷорӣ карда шуд. Марҳилаи ниҳоии он ҳамасола дар Шаҳраки олимпӣ таҳти унвони «Олимпиадаи Президентӣ» баргузор мегардад. Ғолибон ва ҷоизадорон барои омодасозии касбӣ ба марказҳои олимпӣ равона карда мешаванд.

    Фаъолияти марказҳои олимпӣ ва паралимпии ҷумҳуриявӣ ба ташкили захираи дастаҳои мунтахаби миллӣ равона мешавад. Барои ташкил кардани тамринҳои таълимӣ-омӯзишӣ ба онҳо иншооти Шаҳраки олимпӣ ройгон дода мешаванд.

    Ғайр аз ин, барои тавсеаи захираи варзишгарон фаъолияти клубҳои хусусии варзишӣ такмил дода шуда, иштироки онҳо дар мусобиқаҳои расмӣ таъмин карда мешавад. Атлетҳое, ки натиҷаҳои баланд нишон медиҳанд, метавонанд ба ҳайати дастаҳои мунтахаби миллӣ дохил шаванд.

    Президент ба рушди варзиши оммавӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир кард.

    – Ҷасорат ва рӯҳи мубориза дар хуни миллати мо ниҳон аст. Мардуми мо варзишро дӯст медоранд. Ин муҳаббатро бояд рушд дод ва варзишро боз ҳам оммавитар гардонд. Барои ин дар маҳалҳо шароит мавҷуд аст ва иншооти нав низ сохта мешаванд. Оммавият ҳатман натиҷа меорад, – таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Ҳамчунин оид ба рақамисозии соҳаи варзиш, тақвияти фаъолияти федератсияҳо ва афзоиши шумораи намудҳои варзишии натиҷабахш супоришҳо дода шуданд.

    No date selected
    December 2025
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates