Солҳои охир дар Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакати мо ислоҳоти куллӣ сурат гирифта, тактика ва стратегияи истифодаи бахшҳои ҳарбӣ такмил дода шуданд. Таҷрибаи муосири ташкили ҳамкории қисмҳо, гузаронидани амалиёти ҷангӣ ва амалиёт бо истифодаи васеътари ҳавопаймоҳои бесарнишин, иқтидори авиатсия ва артиллерия дар амал татбиқ карда шуд.
Аз ҷумла, ин раванд дар ҷараёни машқҳои тактикӣ дар сатҳи ротаҳо, взводҳо ва бригадаҳо ҷиҳати иҷрои вазифаҳо бо талафоти кам, истифода аз навъҳои замонавии аслиҳа ва техникаи ҷангӣ, дастгирии ҳавоии воҳидҳои мусаллаҳ, гузаронидани амалиёти махсус дар минтақаҳои душвори кӯҳсору биёбон, дар шароити шаҳр, эвакуатсияи қисмҳо ва дигар корҳо такмил дода мешаванд.
Машқҳои ҷорӣ дар асоси хусусияти амалиёти низомии дар ҷаҳон мушоҳидашуда гузаронида шуданд.
Бо ташаббуси Сарвари давлат тайи шаш соли охир тамоми майдончаҳои таълимӣ, қисмҳои низомӣ ва муассисаҳои низоми мудофиа аз нав сохта ва таҷдид, инчунин бо таҷҳизоти муосир мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ муҷаҳҳаз гардонида шуданд.
Дар машқгоҳи “Тирмиз” инчунин барои баланд бардоштани дониши ҳарбӣ, малака ва омодагии рӯҳии таркиби шахсии Қувуваҳои Мусаллаҳ дар шароити саҳро, гузарондани тайёрии тактикӣ ва тадқиқот дар соҳаи кори ҳарбӣ шароити замонавӣ фароҳам оварда шудаанд.
Президент таъкид намуд, ки имрӯз, ки дар ҷаҳон таҳдидҳои иттилоотӣ пурзӯр шуда истодааст, боз ҳам мустаҳкам кардани иқтидори Қувваҳои Мусаллаҳи мо, таъмини ягонагии халқу артиш, тарбияи ҷавонон дар рӯҳи ватандӯстӣ бояд меҳвари ислоҳот дар соҳаи ҳарбӣ гардад.
Сарвари давлат оид ба пайваста баланд бардоштани қобилияти ҷангӣ ва омодагии қӯшунҳо ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.